- чанг
- I[چنگ]гард, ғубор; хоки ба ҳаво бардошташуда; гарди рӯи чизе нишаста◊ чангашро аз осмон овардан хоку туроб кардан, несту нобуд кардан; пеш аз пода чанг хезондан дар бораи коре ё воқеае пеш аз вуқӯъ ҳаёҳу бардоштанII[چنگ]1. панҷаи даст бо ангуштони хамидаи нохундор2. панҷаи ҳайвонот ва мурғҳои даранда, чангол3. даст, қайд, гирифторӣ; чанг андохтан ниг. чанг задан; чанг андохтан ба дили касе рози дили касеро фаҳмидан хостан; чанг задан а) ба чанг гирифтан (чизеро), чанг андохтан (ба чизе), дошта гирифтан бо панҷаи даст; б) даст задан, машғул шудан, ташаббус кардан; ба коре чанг задан; ба чанг гирифтан (чизеро) ба даст гирифтан чизеро, ба ихтиёри худ даровардани чизероIII[چنگ]1. нӯки найза; пайкони тир2. минқори парандагон, нӯли парандагонIV[چنگ]мус1. номи асбоби камоншакли мусиқӣ, ки дорои тор аст, ба монанди уд, чағона ва ғ. ; номи асбоби мусиқии тордор, ки бо ду чӯбча менавозанд2. як навъи даф, ки аз ду сафҳаи биринҷӣ иборат буда, онҳоро ба ҳам мезананду оҳанг ба вуҷуд меоваранд3. чанги даҳонӣ ниг. лабчанг
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.